НАҚШИ САНЪАТҲОИ БАДЕӢ ДАР ТАШАККУЛИ САБКИ ШОИРОНАИ САЙФИ ФАРҒОНӢ
Keywords:
Сайфи Фарғонӣ, санъатҳои бадеӣ, ташбеҳ, истиора, муболиға, сабки шоирона, ташаккули сабк, адабиёти ирфонӣ, шеъри классикӣ, образи лирикӣ, зебоии сухан.Abstract
Мақолаи мазкур ба таҳлили нақши санъатҳои бадеӣ дар ташаккули сабки шоиронаи Сайфи Фарғонӣ бахшида шудааст. Муаллифон бо такя ба намунаҳои шеъри шоир, тавонистаанд нақши калидии ташбеҳ, истиора, муболиға ва дигар воситаҳои бадеиро дар таҳкими зебоии шеъри ӯ равшан созанд. Дар мақола равияҳои асосии ташбеҳҳои Сайф, аз ҷумла ташбеҳи киноят, тафзил, мураккаб ва таъсири образӣ ва маънавии онҳо таҳлил гардидаанд. Муаллифон зикр мекунанд, ки Сайфи Фарғонӣ анъанаи шеъри классикиро бо навоварӣ пайваста, сабки хоси худро бо истифодаи муҳтавои ирфонӣ ва ахлоқӣ шакл додааст. Таҳлили ашъори шоир нишон медиҳад, ки санъатҳои бадеӣ дар шеъри ӯ танҳо ороиши зоҳирӣ набуда, балки василаи амиқи ифодаи андеша ва эҳсосоти фалсафиву иҷтимоӣ мебошанд.
Downloads
References
Саиди Нафисӣ. Муҳити зиндагӣ ва аҳволу ашъори Рӯдакӣ. – Теҳрон, 1341. – 382 саҳ.
Ансор Афсаҳов. Сайфи Фарғонӣ. – Душанбе: Дониш, 1976. – 139 с.
Р. Ҳодизода, М. Шукуров, Т. Абдуҷабборов. Фарҳанги истилоҳоти адабиётшиносӣ. – Душанбе, 1966. – 96 с.
А. Афсаҳзод. Достони “Лайлӣ ва Маҷнун”-Абдураҳмони Ҷомӣ. – 112 с.
Турақул Зеҳнӣ. Санъати сухан. – Душанбе: Маориф, 1992. – 306 с.